Душанбе-Минск: вусъати нави муносибатҳои дуҷониба

Август 29, 2012 10:07

Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 28 август дар шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Сайфиддинов бо муншии аввали Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Боричевский баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати Муҳоҷирати меҳнатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Камолиддин Сайфиддинов дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар муддати кӯтоҳи фаъолияташ кори муайянеро ҷиҳати фароҳам овардани заминаи меъёриву ҳуқуқии танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар пойтахти кишвар анҷом дода, нақшаҳои татбиқи лоиҳаҳои ҷамъ овардан ва ба хориҷа фиристонидани муҳоҷиронро таҳия намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин як қатор пешниҳоду дурнамои ҳамкории минбаъда дар бахши ҷамъ овардан ва ба Ҷумҳурии Беларус фиристонидани муҳоҷирони меҳнатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ин мавзӯъ ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти муваққатии меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Беларус ва шаҳрвандони Беларус дар Тоҷикистон муҳокима шуда буд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 60 нафар кормандони лаёқатманд омодаанд, ки барои иҷрои кор ба Ҷумҳурии Беларус сафар кунанд. Ҳамаи онҳо дар бахши сохтмон таҷрибаи кофӣ доранд.

Август 29, 2012 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд