Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон меравад
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дирӯз, 10- уми август Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чинор Рустамова баъди супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, дар мулоқоти мухтасаре, ки бо Президенти Тоҷикистон доштем, масоили ҳамкории кунунии байни ду кишвар мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва масъалаҳое, ки бояд дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон баррасӣ шаванд, муайян гардиданд. Тибқи иттилои сафир интизор меравад, дар доираи ин сафар, ки дар назар аст 23-24-уми августи соли ҷорӣ баргузор гардад, як зумра асноде, ки дар самти рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Туркманистон нақши муайянкунандагӣ хоҳанд дошт, ба имзо расанд. Сафири навтаъйини Туркманистон таъкид намуд, ки мо алакай таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқиву сиёсии муносиботи кишварҳоямонро бунёд намудаем, ки он дар самти рушди соҳаҳои гуногуни ҳар ду кишвар нақши бузург дорад. Ба ҳамкории тиҷоратии ду кишвари дӯст дар чанд соли охир низ аз ҷониби Сафири Туркманистон баҳои баланд дода шуд. Номбурда иброз дошт, ки дар тӯли ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар беш аз 80 миллион долларро ташкил додааст, ки тақрибан 80%-и онро содироти маҳсулоти нефтӣ, семент, равғани растанӣ ва дигар маҳсулот аз Туркманистон ба Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ҳамчунин, Сафири Туркманистон барои рушди мунтазами ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуд. Номбурда мустаҳкамтар намудани муносибот дар бахшҳои соҳаи гуманитариро ба нафъи ҳар ду ҷониб маънидод намуда, иброз намуд, ки моро мебояд робитаҳои худро дар бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва амсоли ин беш аз пеш тақвият диҳем. Дар охир Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъана, фарҳанг ва табиати зебои Тоҷикистон баҳои баланд дода, ибрози боварӣ намуд, ки дар имтидоди фаъолияти худ ҳамчун Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъйу талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон ҷовидонӣ бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






