Фабрисио Франческо Виначия: «Бунёди корхонаҳои муштарак ба манфиати ҷонибҳост!»
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз, 10 август Сафири фавқулодда ва мухтори Ордени Малта дар Тоҷикистон Фабрисио Франческо Виначия баъди супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо намояндагони васоити ахбори омма чунин гуфт: «Мо ният дорем, то бо ҳамкории ҷониби Тоҷикистон барнома ва лоиҳаҳои муштаракро дар се заминаи асосӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, мариф ва фарҳанг татбиқ созем.» Дар Тоҷикистон бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати тандурустиро Сафири тозаинтихоби Ордени Малта ба нафъи ҳар ду ҷониб медонад, зеро ба гуфти ӯ беш аз 80 ҳазор мутахассисони соҳаи тибби Малта дар дигар кишварҳои ҷаҳон фаъолият доштаву таҷрибаи баланди касбӣ доранд. Фабрисио Франческо Виначия илова намуд, ки бо мақсади пешбуд ва пиёда намудани чунин иқдомҳои муштарак мо байни донишгоҳҳои кишварҳое, ки бо онҳо равобити дипломатӣ истиқрор намудаем, созишномаҳо ба имзо мерасонем. Аз ин хотир, дар рӯзҳои наздик ман мехоҳам бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат сӯҳбат дошта бошам- таъкид дошт сафири Малта.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






