Фаъолияти бозори «Роҳи оҳан» манъ шуд
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Чанде пеш Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи таъмини тадбирҳои амали пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» қарор қабул намуд. Аммо то ба ҳол ин супориш дар баъзе бозорҳо амалӣ нагаштааст. Аз ин рӯ мақомоти шаҳрдорӣ ба хотири ба низом даровардани нархҳо дар бозори «Роҳи оҳан», воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт фаъолияти онро муваққатан манъ кард. То ба имрӯз дар ин бозор нархи маҳсулоти ниёзи мардум танзим нашудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






