Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5 сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






