Фатҳи қуллаи нав аз ҷониби сайёҳон

Август 28, 2012 17:07

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Бо даъвати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди саноати сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 нафар сайёҳи кӯҳнавард аз 17 кишвари дунё, аз қабили Амрико, Канада, Британияи Кабир, Франсия, Олмон, Полша ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин доира 72 нафар кӯҳнавард қуллаи беноми баландиаш 5100 метрро аз қаторкӯҳҳои Помир фатҳ намуда, онро қуллаи «Иҷлосияи таърихии 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ намуданд. Кӯҳнавардон бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар қуллаи Исмоили Сомонӣ ва Озодиро фатҳ намуданд. Меҳмонон тасмим гирифтанд, ки захираҳои бойи сайёҳии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ намуда, дар оянда барои ҷалби гурӯҳҳои нави сайёҳон ҷиҳати ширкат дар экспедитсияҳои навбатӣ мусоидат намоянд.

Август 28, 2012 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд