Фурӯши нафт ва гази табиӣ дар шаш моҳ

Август 1, 2012 11:52

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — ҶМММ «Петролеум — Суғд» бо назардошти бақияи нафти молӣ 5737 тонна нафт ба корхонаву ҷамъиятҳо, аз ҷумла ба ҶММ «Шоҳона» — 4780 тонна, ҶДММ «Нафти Темурмалик» — 891 тонна, ҶДММ «Абадӣ» — 38 тонна, КФ «Суғднафтугаз» — 27 тонна фурӯхтааст. Дар нимсолаи аввали соли 2012 ба миқдори 4907 ҳазор мукааб метр гази табиӣ ба маблағи 2844 ҳазор сомонӣ ба дастраси истифодабарандагон шуд. Аз тарафи истифодабарандагон ҳамагӣ 1588,6 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст, ки ин 55,8 % маблағи пардохтшударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла КФБ «Кӯрғонтеппагаз» — 418,6 ҳазор мукааб метр гази табиӣ ба маблағи 282,6 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Кӯлобгаз» — 1610 ҳазор мукааб метр гази табиӣ ба маблағи 998 ҳазор сомонӣ, КФ «Румигаз» — 615 ҳазор мукааб метр ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» — 941,9 ҳазор мукааб метр гази табиӣ ба корхонаҳову аҳолӣ фурӯхтаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика иттилоъ доданд.

Август 1, 2012 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд