Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳ

Август 24, 2012 08:47

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ гардиши савдои хориҷӣ дар давоми 7 моҳи соли 2012 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2011 хуб арзёбӣ шудааст. Дар такя ба манбаи мазкур, ёдовар бояд шуд, ки гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 2 млрд. 828,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 279,4 млн. доллар зиёд аст. Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 91 мамолик, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва бо 81 давлати хориҷи дур муносибатҳои савдои хориҷии худро ба роҳ мондааст. Дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи мамолики хориҷи дур мавқеи бештаре дорад, зеро 56,6 фоизи савдои хориҷӣ , ки маблағи гардиши савдои он 1 млрд.596,9 млн. долларро ташкил медиҳад, ба ин давлатҳо мансуб аст.Савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИДМ дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 1 млрд. 231,7 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳиссаи савдои мамолики хориҷи дур 375,2 млн. доллари амрикоӣ кам аст.Бо вуҷуди он, гардиши савдои хориҷӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо мамлакатҳои ИДМ 9,8 фоиз ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 11,8 фоиз зиёд шудааст.

Август 24, 2012 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд