Хонаи фарҳанг дар деҳа
Бадахшон, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). – Дар арафаи ҷашни истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ Хонаи фарҳанг мавриди истифода қарор дода шуд. Пас аз анҷоми сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии ВМКБ, вохӯрӣ бо фаъолон 12 июли соли 2010 нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба бунёди як қатор иншооти ҳаётан муҳим қабул гардидаанд, ки бунёди Хонаи фарҳанг дар ҷамоати Техарв яке аз онҳост. Моҳи апрели соли 2011 бо маблағи яку ним миллион сомонӣ корҳои сохтмонии Хонаи фарҳанг оғоз гардиданд. Бинои Хонаи фарҳанг аз утоқҳои корӣ, китобхона ва синфи компютерӣ иборат аст. Толори он дорои 150 ҷойи нишаст буда, имконият фароҳам меорад, то чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар сатҳи баланд гузаронида шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






