Хонандагон истироҳат мекунанд
Бадахшон, 18 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Сардори раёсати маорифи вилоят Ғарибшоҳ Ғарибшоев дар як нишаст иттилоъ дод, ки иллати асосии поин рафтани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон ба тарбияи волидон вобаста аст, зеро имрӯз таълиму тарбияи наврасон комилан ба дӯши модарон афтодааст. Бештари падарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд ва вазифаи худро танҳо дар таъмини хонавода бо ғизову пӯшокӣ медонанд. Ба қавли сардори раёсати маориф дар макотиби вилоят бештар аз 45 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва дар фасли тобистон танҳо 6 ҳазори онҳо имкони дар лагерҳо истироҳат карданро пайдо мекунанд.. Аз нисф бештарашон дар кӯча мемонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






