«Ховарон»-ро худсарона ишғол намуданд

Август 3, 2012 11:29

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Оламбӣ Мадалиевна Қурбонова, (соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Кӯлоб) моҳи июли соли ҷорӣ дар заминҳои маҳаллаи «Ховарон», қитъаи 4-уми шаҳри Душанбе дар масоҳати 15-метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона, беиҷозат ва бидуни ҳуҷҷатгузории расмӣ ишғол намуда, хонаи истиқоматӣ сохтааст.Инчунин Қадриддин Мирович Шашаев, (соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҷиликӯл) моҳи июли соли ҷорӣ дар заминҳои маҳаллаи «Ховарон», қитъаи 4-уми шаҳри Душанбе, дар масоҳати 100-метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона, беиҷозат ва бидуни ҳуҷҷатгузории расмӣ ишғол намуда, хонаи истиқоматӣ бунёд намудааст. Тибқи иттилои мақомоти прокуратураи кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ вобаста ба қонунгузории замин 361 санҷиш гузаронида, 3072 санади эътиноии прокурорӣ содир шуда, дар натиҷаи баррасии онҳо 1575 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 340 парвандаи ҷиноӣ оғоз, зиёда аз 57 ҳазор сомонӣ зарар барқарор ва зиёда аз 412 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Дар ин давра ба 859 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз эълом шуд, ки 455-тои он вобаста ба қонунгузории замин мебошад.

Август 3, 2012 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!