Худсарии Валӣ то ба куҷо мебарад?
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян карда шуд, ки шаҳрванд Валӣ Турдибоевич Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи Айнабулоқи ҳамин ноҳия, моҳи июли соли ҷорӣ аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии Чашмасор дар масоҳати 108 метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона, беиҷозат ва бе ҳуҷҷатгузории расмӣ ишғол намуда, таҳкурсии бинои истиқоматӣ бунёд намудааст. Акнун Валӣ Турдибоевич Абдураҳмонов барои ин амали ғайриқонуниаш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






