Хушнудии ҷониби Олмон аз роҳи ҳалли қазияи Бадахшон
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Азбаски масъалаи таъмини бехатарии минтақа дар меҳвари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дирк Нибел қарор дошт, аз ин рӯ, Вазири ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон изҳори хушнудӣ намуд, ки қазияи дар Бадахшон баамаломада бидуни истифодаи яроқ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёфта истодааст. Ба гуфтаи Дирк Нибел таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар самти коҳиш додани интиқоли маводи мухаддир ба минтақа ва ҷаҳон нақши бориз дорад ва Олмон дар ин самт бо Тоҷикистон ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод. Ҳамчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дирк Нибел якчанд масъалаи мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






