Хусусигардонии амволи давлатӣ ва манзил
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). -Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2012 дар ҷумҳурӣ 156 иншооти ғайриманқул хусусӣ гардонида шудааст. Дар хусусигардонии амволи давлатӣ ҳиссаи соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ 12,1 фоиз , саноат-2,6, кишоварзӣ-55,1 фоиз, сохтмон-5,8, нақлиёт ва алоқа-4,5 фоиз, хизмати маишӣ-20,2, иқтисодиёт-25,3 фоизро ташкил додааст. Ҳиссаи минтақаҳо дар хусусигардонии иншоот чунин аст: Душанбе-5,8 фоиз, вилояти Суғд-42,3, вилояти Хатлон-30,1 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-1,9 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 19,9 фоиз. Инчунин дар шаҳри Душанбе то ин муддат 265,5 ҳазор хона хусусӣ гардонида шудааст. Дар ВМКБ-12, дар вилояти Суғд- 396, дар вилояти Хатлон- 229 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 116 хона хусусӣ гардонида шудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






