Идомаи халъи силоҳ дар Хоруғ
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).-Чунон, ки қаблан иттилоъ дода будем, бо ҳидояту роҳнамоии як зумра фаъолону пешвоёни шаҳри Хоруғ ҷавононе, ки бо фиребу дасисаи афроди ҷиноятпеша ба даст силоҳ гирифта буданд, силоҳу муҳимотро ба таври муташакилона супорида истодаанд. Аз ҷумла, нимаи дуввуми 31 июли соли равон низ гурӯҳи чунин ҷавонон, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангиро аз қабили «РПК», «ПК», «АКСУ», «АК-74», туфангчаи автоматии истеҳсоли хориҷӣ, таппончаи тамғаи «Макаров», «РПГ-7В», гранатамёт, норинҷак, теъдоди зиёди гулулаҳои гранатамёт ва тирҳои гуногунтамға ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ давом дошта, вазъият дар ин минтақаи дурдасти мамлакат комилан орому осуда аст ва аҳолӣ ба кору зиндагии осоишта машғул мебошанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






