Ифтитоҳи идораи GIZ дар ДТТ
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар бинои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими кушоиши идораи Ҷамъияти олмонӣ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони ин созмон баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки дар расми кушоиш намояндагони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва дигар шарикони ҳамкор ширкат намуданд. Мавриди тазаккур аст, ки тӯли ду сол Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҷамъият аз тариқи шартномаи тарафайн ҳамкорӣ дошта, ба он ду муассисаи таълимӣ- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара низ шомиланд ва барои татбиқи лоиҳаҳои ин ташкилот саҳми худро мегузоранд. Дар ин давра барои озмоишгоҳҳои ин муассисаҳо ба маблағи 25 ҳазор евро таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ ворид ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






