Ихтиёриёни ҷавон соҳиби гувоҳнома шуданд

Август 30, 2012 16:49

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). – Имрӯз аъзои аввалин клуби ихтиёриёни Радиои «Ватан» баъди хатми курси махсус соҳиби гувоҳнома шуданд. Дар маросими супоридани гувоҳномаҳо роҳбари шӯъбаи кор бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Уэсли Робертсон ва корманди ҳамин шӯъба Шерзод Абдуҷабборов ширкат доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори барномаҳои Радиои «Ватан» Субҳон Ҷалилов хабар дод. Номбурда гуфт, ин клуб як моҳ қабл таъсис ёфт ва аъзои он баъди хатми курс ба фаъолияти ихтиёрӣ ва некхоҳӣ оғоз кардаанд. -Онҳо бо барномаҳои махсуси шавқовар ба аёдати бачаҳои беморхонаҳо ва хона-интенатҳо рафтанд. Аз 1 то 8 август ба аъзои клуб чанд нафаре, ки худашон таҷрибаи ихтиёрӣ доштанд. дарс гуфтанд. Яъне, бачаҳо дар ин курс дар баробари маълумот гирифтан дар бораи ҳаракати ихтиёрӣ, ҳамчунин нозукиҳои суратгирӣ, кор бо барномаҳои компютерӣ, истифода аз имконоти интернет, коидаҳои асосии фаъолияти хайрхоҳӣ, блогерӣ ва ғайраро омӯхтанд,-гуфт С. Ҷалилов. Ба гуфти номбурда, 20 нафар ҷавон сохиби гувоҳномаи хатми курс шуданд ва акнун дар мактабҳои шаҳру навоҳии худ дар атрофашон нафарони дигарро, ки мақсади кӯмакрасонӣ, некхоҳӣ ва ободиро доранд, ҷамъ меоваранд. Маврид ба зикр аст, ки ихтиёрӣ (волонтёр) –нафарест, ки барои чомеа ва шахсони алоҳида ройгон вақт чудо мекунад ва кӯмак мерасонад. Онҳоро кӯмакрасонҳои ҷамъиятӣ низ гуфтан мумкин аст. Ҳамасола дар дунё 5 декабр Рӯзи ихтиёриён ҷашн мешавад. Шумораи ихтиёриён дар дунё беш аз 110 миллион аст. Аз ин шумора 2,5 миллион нафар дар Русия зиндагӣ мекунад. Шумораи бештари ихтиёриён дар Канада, Амрико ва Австралия зиндагӣ доранд. Дар Чехия, Латвия ва Венгрия ихтиёриёнро ба аскарон баробар медонанд. Дар Амрико 56% аҳолии болиғ ихтиёрист.

Август 30, 2012 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд