Имзои Протокол барои вуруди Тоҷикистон ба СУС
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз дар Женева маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов – сафир, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ва аз ҷониби Ҷопон Ёчи Отабе – сафир, намояндаи доимии Ҷопон дар назди созмонҳои байналмилалӣ дар Женева имзо карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






