Интихоби ҷойи кор дар ярмарка
Кӯлоб, 29 август. ( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират то имрӯз ҳашт маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, шумораи муайяни сокинон бо ҷои кор фаро гирифта шудаанд. Дар ярмаркаи навбатии соҳавӣ аз чониби муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 261 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод гардид.Дар он намояндагони филиали Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолони Тоҷикистон, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва масъулини раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияҳои минтақа низ ширкат варзида, омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусиро ба ҷавонону корҷӯён пешниҳод карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






