Иштироки Э.Раҳмон дар Мулоқоти 16-уми сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд

Август 31, 2012 07:28

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»).- 30 август дар шаҳри Теҳрон Мулоқоти 16-уми сарони давлатҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд ба кори худ оғоз намуд, ки дар он дар баробари роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок намуд.Дар ин ҳамоиш 24 президент, 3 шоҳ, наздики 80 роҳбари ҳукумат ва ё вазорат аз кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон ва намояндагони воломақом аз созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ширкат доранд.Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот намуд.Бо изҳори хушнудӣ аз ҳамдилию ҳамбастагии амиқи давлатҳо ва мардумони Тоҷикистону Эрон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ миёни ду кишвар мувофиқ ба талаби рӯз ва имкону захираҳои мавҷуда рушд хоҳад кард.Пайвастагии мунтазами робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни роҳбарии ду кишвар омили муҳими густариши муносиботи ҳасана номида шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ кору фаъолияти босамар доранд.Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ чун ҷанбаҳои муҳимтарини робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дорои дурнамои умедбахш аст.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.Назорати пайвастаи рафти иҷрои санадҳои имзошуда ва қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба зарур шумурда шуд.Таъкид гардид, ки корҳо барои пайвастани роҳҳои оҳану мошингард, шабакаҳои барқии миёни ду кишвар ва ифтитоҳи хатсайри мунтазами ҳавоӣ чун василаи густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бояд тезонда шаванд.Ба имзо расондани Созишномаи тиҷоратии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чоргонаи Покистон-Чин-Қазоқистон ва Қирғизистон низ аз роҳҳои муассири густариши тиҷорат номида шуд.Зикр гардид. ки алҳол дар Тоҷикистон 12 корхонаи муштараки ду кишвар фаъолият мекунанд, ки ба дорусозӣ, истеҳсоли маснуоти оҳанӣ, коркарди пӯсти чорво ва тиҷорат машғуланд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили амнияти минтақавӣ, дурнамои авзои Афғонистони ҳамсоя ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.Бо ҳамин сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид ва шоми рӯзи 30-юми август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Теҳрон ба Душанбе омад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 31, 2012 07:28

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд