Кӣ ғолиби «Фараҳ-2012» мешавад?
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- То муайян шудани ғолиби озмуни «Бонуи соҳибкори сол «Фараҳ — 2012», ки онро Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ эълон дошта буд, камтар аз як моҳ боқӣ мондааст.Ба қарибӣ комиссияи экспертӣ аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм рӯйхати 30 нафар бону — нимфиналистонро муайян кард, ки муборизаро барои соҳиб гардидан ба ҷоизаи асосии озмун — 100 000 сомонӣ идома медиҳанд. Аъзои комиссияи экспертӣ бо ҳар як иштирокчии озмун мусоҳибаи телефонӣ анҷом доданд. Баҳои соҳибкории иштирокчиён вобаста аз мундариҷаи мусоҳиба ва ҷавобҳои бонувон муайян карда шуда, онҳое, ки соҳиби баҳои баланд гардиданд. ба рӯйхати нимфиналистҳо ворид шуданд. Дар натиҷаи таҳлили ҳаққонӣ ва баҳои фаъолияти соҳибкории онҳо аз рӯи ҳар як номгӯй ғолибон муайян мешаванд. Фаъолияти бонувони соҳибкор — иштирокчиёни озмун тавассути маҷаллаи «Бонувони соҳибкори Тоҷикистон, соли 2012» ва филми мустанади «Ҳаёт ва фаъолияти бонувони соҳибкори Тоҷикистон — 2012» васеъ инъикос мешаванд. Даври ҷамъбастии озмун — 7 сентябр ҳамроҳ бо семинар дар мавзӯи «Омӯзиш, инноватсия» баргузор мешавад.Худи ҳамон рӯз, дар арафаи Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими тақдими мукофот ба ғолибони озмуни якуми кишварии «Бонуи соҳибкори сол «Фараҳ-2012» сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






