Кӯмак ба хона-интернати Ёвон

Август 16, 2012 15:33

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 15 августи соли ҷорӣ бахшида ба Иди саиди Фитр бо иштироки кормандону бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он аз тарафи намояндаи Вазорати кишоварзӣ ба бошандагони ин хона-интернат 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ тақдим гардид. Бошандагони хона-интернат аз ғамхориҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва кӯмакҳои ҳамешагии Вазорати кишоварзӣ миннатдоранд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 инҷониб фаъолият дошта, сарварии онро мутахассиси варзидаи соҳаи тандурустӣ М.Гулов ба ӯҳда дорад. Маҳз таҳти роҳбарӣ ва талошҳои пайвастаи ӯ бинои истиқоматии асосии 4 ошёна, ки хобгоҳи собиқ заводи кимиёвии ноҳияи Ёвон буд, ба тариқи бебозгашт барои кушодани хона-интернати пиронсолон ва маъюбон ҷудо гардид. Дар айни замон дар хона-интернат 133 нафар бошанда, аз ҷумла 50 нафар дар шӯъбаи кӯдакона ва 83 нафар дар шӯъбаи пиронсолону маъюбон истиқомат менамояд.Баҳри беҳдошти саломатӣ ва тавонбахшии бошандагон дар ин муассиса ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ ва тавонбахшӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ фаъоланд. Нигоҳубини пирону маъюбонро 69 нафар корманд ба ӯҳда дорад. Дар назди хона-интернат хоҷагии ёрирасон фаъолият менамояд, ки дар он 20 оила занбӯри асал, дарахтони мевадиҳанда ва чорво парвариш мешавад.

Август 16, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад