Кӯмаки башардӯстонаи 30 давлат ба Тоҷикистон
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ аз 30 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 43 млн. 343,4 ҳазор доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона расидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 3 млн. 967 ҳазор доллар орд (8 ҳазору 487,7 тонна), 799 ҳазор доллар равғани растанӣ (514,9 тонна), беш аз 19 млн. доллар доруворӣ ва ба миқдори 823 ҳазор доллар либос ва пойафзол, инчунин ба маблағи наздик ба 20 млн.доллар маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбоби маишии электронӣ ва таҷҳизоти компютерӣ ворид гардидааст. Миёни кишварҳои ёрирасон аз рӯи арзиши кӯмаки башардӯстона ИМА таносуби бештар дорад, зеро 43, 4 фоизи ёрии башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда молу маҳсулоти ин кишвар аст. Аз миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 12 фоизи кӯмакҳои башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда ба ФР рост меояд.Дар амалиёти савдо афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Туркия (221 млн. доллар), Афғонистон- (58,1 млн. доллар), Швейтсария (46,6 млн. доллар) мушоҳида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






