Кӯмаки Олмон ба Тоҷикистон идома меёбад
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмон Дирк Нибел ва ҳайати расмии ин давлатро дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» қабул кард.Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самти таълими касбии калонсолон ва рушди ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.Таваҷҷӯҳи зиёд ба рушди вазъи кунунии соҳа ва такомули минбаъда зоҳир гардид.Ҷаноби Дирк Нибел аз синфхонаву сехи таъмири мошинҳо дидан карда, ба сифати таълиму таҷҳизот баҳои баланд дод ва таъкид дошт, ки ҳамкориҳо дар ин самт бояд самараноку манфиатбахш бошанд.Дар оянда Олмон кӯмаки худро ба Тоҷикистон идома медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






