Кӯпрукҳои Панҷакент барқарор шуданд
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар арафаи Иди саиди Фитр сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ ва Косатароши ноҳияи Панҷакент сазовори тӯҳфаи муносиб гардиданд. Кӯпрукҳои деҳаҳои Вешист ва Косатарош, ки бар асари офати табиӣ аз байн рафта буданд, бо маблағи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 млн. 75 ҳазору 228 сомонӣ) барқарор шуданд.Корҳои сохтмониро дар кӯпруки Вешист кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба иҷро расониданд. Бозсозии кӯпруки деҳаи Косатарош мушкилоти зиёда аз 40 ҳазор шаҳрванди ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Шинг, Моғиён ва Фаробро осон намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






