Китоби нав: «Таъомҳои миллӣ ва ғановати табиати Тоҷикистон»
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар нашриёти «ЭР-граф»-и пойтахт бахши аввали китоби дуҷилдаи «Таъомҳои миллӣ ва ғановати табиати Тоҷикистон» ба забони русӣ ба табъ расид. Китоб ба қалами таъомшиноси маъруф ва созмондиҳандаи хадамоти тарабхонаҳо Фарҳод Каримов тааллуқ дорад.Фарҳод Каримов бори аввал дар соли 1985 нахустин маҷмӯаи раҳнамоии «Таъомҳои миллии тоҷикӣ»-ро мураттаб намуда, ба хонандагон тақдим дошта буд, ки дар он дар мавриди таҳия ва пухтани теъдоди зиёди таъомҳо, шириниҳо ва хуришҳо маълумоти фаровон гирдоварӣ шудааст.Дар китоби «Таъомҳои миллӣ ва ғановати табиати Тоҷикистон» ба забони соддаву равон навъу махсусиятҳои таъомҳои тоҷикӣ, тарзи таҳияи онҳо, меҳмоннавозии тоҷикон, ташкили маъракаҳои умумӣ, ҷашну тӯйҳо ва тарзҳои ороиши дастархони пурнеъмати тоҷикона баён шудаанд. Фарҳод Каримов ба сифати ошпази моҳиру соҳибтаҷриба ва муҳаққиқи таъомҳои миллӣ дар бораи таҳия ва тарзи пухтани анвои таъомҳо, маҳсулоти баққолӣ ва нону кулчақанду шириниҳои лазиз маслиҳату иттилооти ҷолибро ба хонанда пешниҳод менамояд ва роҳҳои таъмини хушлаззатии таъомҳоро нишон медиҳад. Ҳар як бахши китоб бо аксҳои рангаи таъому маҳсулоти баққолӣ оро ёфтааст, ки шавқи хонандаи онро бештар мекунад ва ҳаваси ӯро нисбат ба таъомҳои миллӣ афзун менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






