Консерти донишҷӯёни тоҷик дар КМТ

Август 28, 2012 10:25

Душанбе, 28 август (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон консерти ҳисоботӣ бахшида ба 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳошияи Созишномаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва консерваторияҳои Федератсияи Русия асарҳои бастакорони Русия, аз ҷумла порчаҳо аз операҳои П.Чайковский, М.Глинка, ва М.Мусоргский дар иҷрои донишҷӯёни тоҷик ки дар консерваторияҳои Екатеринбург, Новосибирск ва Челябински Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, садо доданд. Дар ин бора Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Август 28, 2012 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд