Корҷӯён, ба Маскаву Минск оед!
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»). — КВД «Тоҷикхориҷакор» -и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сафарбар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус аз рӯйи ихтисосҳои зерин даъват менамояд: устои хиштчин, андовагар, рангуборчӣ, кафшергари барқу газ, бетончӣ, роҳсоз, сафолакчин ва коргарони гуногунсоҳа.Маош аз ҳаҷми кори иҷрошуда вобаста буда, роҳкиро, ҷойи хоб, иҷозатномаи корӣ ва бақайдгирӣ аз ҳисоби корфармост.Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки КВД «Тоҷикхориҷакор» шаҳрвандонро барои сафарбар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия, вилояти Маскав ва Ҷумҳурии Бошқирдистон аз рӯи ихтисосҳои зерин даъват менамояд: устои хиштчин, андовагар, кафшергари барқу газ, бетончӣ, коргарони ҳамакора, бофанда ва ресанда.Маош аз ҳаҷми кори иҷрошуда вобаста буда, ҷои хоб, иҷозатномаи корӣ ва бақайдгирӣ аз ҳисоби корфармост.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






