Корхонаи металлургӣ дар Ҳисор

Август 13, 2012 12:56

Ҳисор, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Соли равон навбати аввали корхонаи металлургӣ, ки иқтидори он дар як сол 120-150 ҳазор тонна маҳсулоти сохтмонироташкил медиҳад, ба кор шурӯъ хоҳад кард. Соли дуюм ҳаҷми умумии он ба 200 ҳазор тонна хоҳад расид. Баъди ба роҳ мондани коркарди хокаи оҳан ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввал 500 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд. Баъдтар ин рақам ба бештар аз 2 ҳазор хоҳад расид.Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии мардумии Чин ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Сохтмони корхона барои Тоҷикистон хеле зарур аст, чунки дар кӯҳҳои Тоҷикистон конҳои калони ашёи хом зиёданд.

Август 13, 2012 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад