«Корвони китоб» ба Ҷиргатол расид

Август 9, 2012 10:25

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола бо иқдоми Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини китобхонаҳои оммавию мактабӣ бо адабиёти тозанашр дар мамлакат ҳаракати «Корвони китоб» роҳандозӣ мегардад. Инак баъд аз вилоятҳои Суғду Хатлон корвон ба ноҳияи Ҷиргатол расид. Имсол «Корвони китоб» аз тариқи идораҳои зертобеи Вазорати фарҳанги ҶТ ба ноҳияҳои Нуробод 1896 нусха, Тавилдара 1893 нусха, Рашт 1992 нусха, Тоҷикобод 1893 нусха ва ба ноҳияи Ҷиргатол 1897 нусха, дар маҷмӯъ 9 ҳазору 512 нусха адабиёти тозанашрро ба маблағи 58 ҳазору 273 сомонӣ ба китобхонаҳои деҳоти ноҳияҳои минтақаи кӯҳистон тӯҳфа намуд.  Саидҷаъфар Сафаров, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Таъминот ва савдои китоб»- и Вазорати фарҳанг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳор кард: «Бо мақсади такмили пурраи захираи китобхонаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ қариб 12 ҳазор сомонӣ мо танҳо ба китобхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол ва умуман дар маҷмӯъ қариб 60 ҳазор сомонӣ ба тамоми ноҳияҳои минтақаи Рашт китобҳои тозанашрро ба таври ройгон супоридем».Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол бо ширкати теъдоди зиёди хонандагон намоиши китобҳои тозанашри адибони тоҷик, ки аз тариқи «Корвони китоб» аз шаҳри Душанбе оварда шуд, доир гардид. Дар чорабинӣ хонандагони синни гуногун ба адабиёти дастрасшуда аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Адабиёти тозанашри воридшуда Сарқонуни ҶТ, Энсиклопедияи миллии тоҷик, асарҳои классикон, адибони муосир ва дигар китобҳои бадеӣ, инчунин китобҳоеро, ки ба Истиқлолияти кишварамон бахшида шудаанд, дар бар мегирифт, ки ба ин восита фонди китобхонаҳои деҳот бо адабиёти нав ғанитар гардид.

Август 9, 2012 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!