Либоси ягона дар мактабҳои Роғун
Роғун. 16 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). — Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба соли нави таҳсил ҷамъомад баргузор гардид. Муовини раиси шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова ва мудири маорифи шаҳр Табаралӣ Раҷабов оид ба ду масъала: ҷамъбасти соли хониши 2011-2012 дар соҳаи маорифи шаҳр ва интихобу ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ дар мактабҳо сухан гуфтанд. Дар ҷамъомад кормандони соҳаи маориф ва падару модарон иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки бо дастгирии раиси шаҳри Роғун дар корхонаи «Ёқут-2000» ба миқдори лозимӣ либоси мактабӣ тайёр шуда, аз 25 то 1 сентябр дар маркази шаҳр ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор мегардад. Бо супориши раиси шаҳр то 1-уми сентябр тамоми хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ бояд фаро гирифта шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






