Мақсад-фаровонии бозор

Август 14, 2012 15:51

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Контгрупп-Тоҷикистон» бо мақсади фаровонии бозор ва таъмини сокинон бо маҳсулоти хушсифат дар бозорҳои Шоҳмансуру Қарияи Болои пойтахт ва шаҳри Ваҳдату ноҳияи Ҳисор намоиш ва фурӯши маводи ниёзи аввалро ба роҳ мондааст.  Ҳамарӯза аз ҷониби ин ширкат ба миқдори 50 тонна орд, 5 тонна биринҷ, 4 тонна шакар, наздики панҷ тонна равган, 1 тонна гӯшт ва дигар маҳсулоти қаннодию кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Қиммати маҳсулоте, ки ба мизоҷон пешкаш мегардад, нисбат ба бозор 20 фоиз арзон буда, сифати он ҷавобгӯи талаботи стандартист. Гарчанде ки самти фаъолияти ширкат дигар аст, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ин иқдомро амалӣ намуда, то андозае дар форавонию арзонии маҳсулот саҳмгузор бошад. Гуфта мешавад, ки масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Контгрупп-Тоҷикистон» намоиш ва фурӯши маҳсулотро дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисор то охири моҳи шарифи Рамазон идома дода, дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 4 миллион сомонӣ маводи ниёзи аввалро пешкаши сокинону меҳмонон менамоянд.Ёдовар мешавем, ки намоиш ва фурӯши маҳсулоти ширкат дар бозорҳо 7 рӯз инҷониб баргузор шуда, он то охири моҳи Рамазон ҳамарӯза идома меёбад.

Август 14, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад