Маҳфили эҷодии Муҳаммадалӣ Маҳмадов

Август 28, 2012 10:25

Душанбе, 28 август (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар Маркази илму фарҳанги Русия маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Маҳмадов баргузор гардид. Дар ин ҷо ҳаводорони истеъдоди ҳунарпеша, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии пойтахт ҷамъ омада буданд. Ба меҳмонон филмҳои мустанади «Ҳаёти ман» ва «Мукофот» намоиш дода, сурудҳои дилнавоз дар иҷрои сарояндаи ҷавон Юлия Богданавичути дар толор танинандоз шуданд. Муҳаммадалӣ Маҳмадов, ки яке аз актёрону коргардонҳои номдори Тоҷикистон мебошад, соли 1984 бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2011 бо унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон қадр гардид. Номбурда дорандаи мукофоти Комсомоли ленинӣ ва мукофоти «Ситораҳои Иттиҳод-2011» низ мебошад.

Август 28, 2012 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд