Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд. Доир ба мавзӯи асосии маҷлис ахбори Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳо барои омода кардани шабакаҳои барқӣ, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти зербиноӣ ба мавсими сардмоҳ, фаровон захира кардани ангишт, гази моеъ, дигар анвои сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ тибқи нақшаҳои тасдиқгардида идома доранд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти таъмини барқу гармӣ, гази моеъ, ангишт ва шабакаҳои нақлиётӣ бояд ба тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дошта бошанд. Дастур дода шуд, ки корҳои зарурӣ, аз ҷумла захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ барои муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд. Зимни баррасии ахбори Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон доир ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор, аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои ҷамъоварии пурра ва беталафи ғалладонагиҳо, ҳосили меваю сабзавот, полезиҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, иҷрои пурраи нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва одат кунондани мардум ба фарҳанги волои заминдорӣ чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






