Маҷмааи варзишӣ дар як маҳалла
Хуҷанд, 29 август. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва саҳми соҳибкор, сарвари Ассотсиатсияи «Кедр» Дадо Очилов дар микроноҳияи 33-юми шаҳр маҷмааи варзишию солимгардонӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардид. Маҷмааи варзишӣ дар масоҳати калон ва дар ҷои холии байни хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шуд, ки барои гузаронидани бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол мувофиқ аст. Як қисми майдон бо таҷҳизоти махсуси варзишию тарбияи бадан муҷаҳҳаз шудааст. Маҷмааи варзишӣ барои аҳли ин маҳаллаи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни истиқлоли кишвар тӯҳфаи арзанда аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






