Мактаби байналмилалии тобистонаи дандонпизишкҳо
Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Гурӯҳи мутахассисону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Мактаби байналмилалии тобистонаи муҳаққиқони ҷавон иштирок намуд. Мақсад аз ташкили ин мактаб расонидани кӯмак ба шахсони мубталои бемориҳои дандон бо усули омӯзиши бемориҳои дандон мебошад, ки он стратегияи илму амалияро муайян мекунад. Дар ин чорабинӣ дандонпизишкҳо, донишҷӯён, ординаторҳои клиникӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ иштирок намуданд. Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи дандонпизишкҳо намояндагони бахши дандонпизишкӣ ва ёрдамчиёни кафедраи дандонпизишкӣ табодули таҷриба намуданд. Дар ин бора аз раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






