Мактаби нав дар Кангурт

Август 30, 2012 09:59

Темурмалик, 30 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Барои толибилмони мактаби таҳсилоти асосии рақами 16 деҳаи Оби Ширини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик мактаби нав бунёд ёфт.Сохтмони мактабро ҶДММ «Наврӯз»-и ноҳияи Данғара дар муддати 1 сол пурра ба анҷом расонида, дар бунёди он беш аз 1млн. 265 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Маҷмӯан ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба соли нави таҳсил омода мебошанд. Қаблан дар 2 бинои таълимии мактаб, ки 10 синфхона дошт, шароити номусоиди таълим мавҷуд буду боми синфхонаҳо мечакид. Бинои нав бо лавозимоти зарурии хониш муҷаҳҳаз мебошад ва ҳам тӯҳфаи хубест ба истиқболи ҷашнҳои бузурги 21- солагии истиқлолияти кишвар ва 20- солагии иҷлосияи таърихию тақдирсози 16- уми ШО ҶТ.

Август 30, 2012 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!