Маликшо Неъматов: Дар ҳаққи Расул ноадолатӣ шуд!
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ). — Зӯҳри имрӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти хабарнигорон бо ширкаткунандагони олимпиадаи тобистонаи «Лондон 2012» баргузор шуд. Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо хушнудӣ аз муҳорибаҳои 16 варзишгари тоҷик ва ба даст овардани медали биринҷӣ аз ҷониби муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева гуфт: «рақибони варзишгарони тоҷик ҳамонҳое буданд, ки медали тиллои мусобиқотро ба даст оварданд». Мавзуна Чориева дар навбати худ гуфт, ки аз мухлисону ҳаводорони тоҷик хурсанд аст ва кӯшиш мекунад дар олимпиадаи навбатӣ медали тиллоро ба даст оварад. Вақте журналистон ба Расул Боқиев аз ноадолатӣ дар олимпиада суол доданд, дар посух аз мардум узр пурсида гуфт: ҳарчанд натавонист медали олимпиро ба кишвар оварад, аммо ӯ рӯҳафтода нест ва кӯшиш мекунад дар давраи баъдӣ медали олимпиро ба даст оварад. Аммо Маликшо Неъматов гуфт: дар сабқати Расул бо рақибонаш нисбат ба ӯ ноадолатӣ шудааст, вагарна ӯ бешубҳа метавонист медали олимпиро соҳиб шавад. Дар охир ваъда дода шуд, ки барномаи махсус омода мекунанд, то варзишгарон ба олимпиадаи навбатӣ, ки қарор аст дар соли 2016 дар Бразилия баргузор шавад, омодагии беҳтар бинанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






