Маълумотномаи саҳеҳ дастраси истифодабарандагон гардид
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2012 оид ба нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 корҳои заруриро анҷом дод,-иброз дошт директори Агентӣ Бахтия Муҳаммадиева ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти Б.Муҳаммадиева, Агентӣ дар ин давра ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйрёбии шумора ва ҷойгиршавии аҳолии ҶТ дар давраи барӯйхатгирии солҳои 2000 — 2010» ва ба роҳбарияти ҶТ «Оид ба шумораи аҳолии дарозумри ҶТ тибқи маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010», «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» гузориш дода, маҷмӯаи «Шумораи аҳолии ҶТ тибқи маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010»-ро чоп ва пешниҳод намуд.- «Аз ҳама муҳимтарин коре, ки дар ин давра анҷом дода шуд — ин нашри расмии ҷилди якуми «Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» ва маҷмӯаҳо «Оид ба тағйири шумора ва ҷойгиршавии аҳолии ҶТ дар давраи барӯйхатгирии аҳолӣ дар солҳои 2000-2010», «Ҳайати синнусолӣ, ҷинсӣ ва ҳолати ақдиникоҳии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки тибқи рӯйхати тасдиқгардида ба истифодабарандагони маълумоти оморӣ пешниҳод гардиданд ва дар айни замон ягона ҳуҷҷати расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарандагон маҳсуб меёбад»,- афзуд директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






