Маорифчии асил
Б.Ғафуров, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-4 августи соли равон дар толори шӯъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров тантанаи ба нафақа гусел намудани мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Дилбар Турсунова бо иштироки сардори раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов, раиси ноҳияи Б.Ғафуров Содиқҷон Мирхолиқов ва аҳли маорифчиёни ноҳия сурат гирифт. Дилбар Турсунова аз соли 1973 фаъолияти омӯзгориашро аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ноҳия ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик оғоз намуда, солҳои 1986-2007 вазифаи раиси Кумитаи муттаҳидаи касабаи коркунони соҳаи маорифро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2007 ба вазифаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳия таъин шуда, то имрӯз саҳми худро чун маорифчии асил барои беҳдошти соҳаи маориф гузоштааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






