Марҳилаи ниҳоии корҳо дар нақби Шаҳристон
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -25-уми августи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби Шаҳристон шинос шуд. Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки дар иншооти мазкур марҳилаи охири корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд ҷараён дошта, корҳо ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар айни замон дар масофаи зиёда аз 3500 метр таҳкурсии роҳ ва дар 1149 метр бетонкунии сақфи болоии нақб ба анҷом расида, дар масофаи 1660 метр таҳкурсӣ ва дар зиёда аз 4100 метр корҳои бетонрезӣ боқӣ мондаанд. Корҳои омодагӣ барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нақби Шаҳристон ҳамзамон дар нақби обпарто ва мавзеи насби таҷҳизоти барқу алоқа низ мувофиқи нақша ба роҳ монда, шуда ҳамин қабил корҳо мутаносибан дар масофаи 4669 ва 5012 метр ба анҷом расидаанд. Дар сохтмони нақби Шаҳристон дар айни ҳол 600 нафар машғули кор буда, шумораи бештари онҳоро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Оқил Оқилов дар мавзеи сохтмон бевосита бо корҳои бетонрезию пармакунӣ ва ороишотию равшанинамоӣ шинос шуда, барои истифодаи техникаю таҷҳизоти нақбканӣ ва бо сифати баланду мувофиқ ба талабот анҷом додани корҳои марҳилаи охир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






