Мардуми Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 19 август мардуми Тоҷикистон Иди Фитрро таҷлил мекунанд. Бинобар дар Тоҷикистон таҷлил шудани Иди саиди Фитр аҳолии кишвар дар баробари ду рӯзи истироҳат рӯзи душанбе, яъне 20 август низ истироҳат мекунад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев хабар дод.И. Файзиев гуфт, ки чун 19 август ба рӯзи якшанбе рост меояд ва рӯзи муқаррарии истироҳатӣ маҳсуб мешавад, мутобиқан ин рӯз мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи душанбеи 20 август гузаронида мешавад ва рӯзи душанбе рӯзи ғайрикорӣ эълон мешавад.21 август рӯзи корист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






