Машғулиятҳои шавқовару эҷодӣ дар «Зимчуруд»
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Аз 21 то 26-уми августи соли 2012 мактаббачагони лаёқатманд дар мавзеи хушманзараи истироҳатгоҳи «Зимчуруд» бо лагери фароғатию омўзишӣ фаро гирифта мешаванд. Дар лагер 120 нафар хонанда истироҳат мекунанд. Масъули баргузории чунин шакли фароғатгоҳ Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳо»-и Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мебошад. «Маркази рушди истеъдодҳо» соли чорум аст, ки лагерҳои фароғатию омўзиширо ташкил ва мекунад. Мақсади гузаронидани чунин лагер фаро гирифтани мактаббачагони лаёқатманд дар давраи тобистон ва тавассути истироҳат дар манзараҳои хушҳавову бароҳати дараи Варзоб ҳамзамон ба машғулиятҳои шавқовару эҷодӣ ҷалб намудани онҳо мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






