Медали тиллои Улуғбек
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз 3 нафар мактаббачаи тоҷик аз литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе, ки аз 21-ум то 30-юми июни соли 2012 дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия дар шаҳри Вашингтони Амрико иштирок доштанд, ба ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғолибонро падару модарон, ёру дӯстон, ҳамсабақону устодон пешвоз гирифтанд. Дар олимпиада аз 78-мамлакати дунё, аз ҷумла Русия, Амрико, Чин, Олмон, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ ва Эрону Ҳиндустон, инчунин як қатор кишварҳои дигар иштирок доштанд. Дар озмун Улуғбек Баротов ба гирифтани ҷойи 1-ум, Маъруф Болтабоев ва Ҳомидхоҷа Холиқов ба ҷойи 3-юм муваффақ гардида, сазовори 1 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ гаштанд. Хотиррасон менамоем, ки дар олимпиада аз 78 мамлакати дунё 283-хонанда иштирок доштанд ва бори аввал дар таърихи Тоҷикистон медали тиллои олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия насиби намояндаи Тоҷикистон гардид. Муваффақияти мактаббачагони тоҷик дар чунин чорабиниҳои бонуфуз аз рушди соҳаи маорифи мамлакат далолат мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






