Муҳокимаи ҳуқуқи занони муҳоҷир
Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Имрӯз, 30 август, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тавре ки аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни ҷаласа вазъияти бахши муҳоҷирати меҳнатиро мавриди муҳокима қарор дода, масоили дар созмонҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии воқеъ дар хориҷа кушодани шӯъбаҳои кор бо занони муҳоҷирро баррасӣ менамоянд. Ҳамчунин гузориш дар бораи доир намудани ҷаласаи 8-уми Гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Русия барои татбиқи Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шунида шуд. Қобили зикр аст, ки вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ иборат аз баррасии ибтикороти созмонҳои ҷамъиятӣ, тавсияҳои илмӣ ҷиҳати ҳалли масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамчунин танзими фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои илмӣ дар бахши муҳоҷират мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






