Муҷассамаи Сомонӣ дар Мӯъминобод
Кӯлоб, 7 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Мӯъминобод дар соҳаи сохтмон дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 7 миллиону 515,3 ҳазор сомонӣ маблағи асосӣ азхуд шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 209 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бино ба иттилои раиси ноҳия Пирмад Зарипов, то ин муддат бинои Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, лоиҳаи оби нӯшокӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ барои 21 хоҷагӣ дар деҳаи Файзободи мавзеи Чимтол ва дигар иншооти хурд аз тарафи соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифта, мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Боғгаӣ дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Ҳоло бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар майдони Сомонии ноҳия сохтмони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардидааст, ки он 7 метр баландӣ дошта, бо сангҳои қиматбаҳо ороиш дода мешавад. Сохтмони муҷассама аз тарафи ҶДММ «Гулдаст» оғоз гардида, масъулин тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни истиқлолият сохтмони муҷассамаро ба итмом расонанд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






