Мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2012
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Миёни дастаҳои Лигаи олӣ се бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор гардид. Дирӯз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо дастаи «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Хайр» рақобат намуда, бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. «Регар-ТадАз»-и Турсунзода бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 23-юми август тими «Гвардия»-и Душанбе бо «Зарафшон»-и Панҷакент дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вориди рақобат мешавад. Оғози бозӣ соати 17:00.Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






