Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо ҳайати вакилони Парламенти Норвегия
Душанбе, 29 август (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати вакилони Парламенти Норвегия дар назди Ассамблеяи Парламентии САҲА-ро ба ҳузур пазируфт.Дар ҷараёни рафти мулоқот ҳайати Норвегия бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа ва таҳкими амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинос гашта, имкониятҳои истифодаи воситаҳои САҲА-ро дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ минтқавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ байни Норвегия ва Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






