Мулоқоти Амиршо Миралиев бо Ив Арнолдӣ

Август 22, 2012 14:39

Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –21 август муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ Ив Арнолдӣ ва ҳайати ҳамроҳони вай дидор намуд. Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ин созмони бонуфуз ва мададрасони байналмилалӣ ва мусоидати парлумони кишвар барои фароҳам овардани шароити беҳтари равобит байни кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Амиршо Миралиев аз фаъолияти густурдаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои кишвари мо бо мақсади омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо ва тартиби расонидани кӯмак ба сокинони минтақаҳои мазкур устувор намудааст. «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ барнома ва тарҳҳои Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, барои татбиқи онҳо фазои ҳуқуқиро фароҳам хоҳад овард», — гуфт Амиршо Миралиев. Дар сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои Норак ва Роғун, вазъи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо, раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҷрибаи ғании Салиби Сурхи Тоҷикистон, безараргардонии минаҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ, сохтмони купрӯкҳо байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд. Роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ Ив Арнолдӣ низ аз сатҳи ҳамкориҳои кумита бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, хотирнишон сохт, ки ҳанӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тамоми имконоти мавҷудаи равобит мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаҳои ҳанӯз бознашуда дар китоби таърихи равобити моро боз хоҳад кард.Ив Арнолдӣ таъкид кард, ки ба ҳайси роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ аз тамоми имконот ва шароити мавҷудаи корӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.Мавсуф изҳор дошт, ки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, аз ҷумла ниҳоди минтақавии он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назари хос дорад ва барои густариши муносибот бо ин кишвари офтобӣ бештар алоқаманд аст. Моҳи октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон семинари минтақавӣ баргузор мегардад, ки барои иштирок дар он 4 нафар корманди Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ даъват шудаанд.Гуфта мешавад, ки намояндагони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ин семинар дар бораи таҷрибаи ғании худ ҷиҳати безараргардонии минаҳо сухан мегӯянд.Дар мулоқот ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода иштирок кард.

Август 22, 2012 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд