Мулоқоти «Бе миёнаравҳо» баргузор гардид
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази равобити пойтахт» сӯҳбати ошкорои «Бе миёнаравҳо»-и Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев бо иштироки беш аз 170 сокини шаҳри Душанбе — фаъолони шабакаи иҷтимоии www.facebook.com, ки намояндагони касбу кори гуногун мебошанд, ҳамчун усули нави коргирӣ аз қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Иқдоми мазкур бо назардошти саҳми созгори онҳо дар раванди созандагии шаҳр, интиқоди конструктивӣ ва пешниҳодҳои муфиду мароқангез дар мавриди беҳсозии фаъолияти сохторҳои шаҳрӣ сурат гирифт. Зимни мулоқоти ошкоро масоили нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва бартарафсозии биноҳои камошёна, намои меъмории минбаъдаи шаҳр, ҳолати роҳҳо ва фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва лоиҳаи инноватсионии шаҳрӣ www.mometavonem.tj, дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи сипаришудаи Рамазон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби Раиси шаҳр ба саволҳои иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда дода шуд. Мулоқот 5 соату 30 дақиқа идома ёфта, пахши мустақими он бори нахуст тавассути сомонаи www.mometavonem.tj барои онҳое, ки дар ин ҳамоиш иштирок карда натавонистанд, таъмин карда шуд.Бо хулоса аз мӯҳтавои сӯҳбати анҷом гирифта ва бо қаноатмандӣ аз таклифҳои ироагашта дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ дастур дод, ки баҳри татбиқи онҳо бо таҳияи нақшаи чорабиниҳои дахлдор лоиҳаи Қарори раиси шаҳри Душанберо дар мӯҳлати кӯтоҳтарин пешниҳод намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






